ДАР МАСКАВ ЯК ҒИЗОРАСОНИ ТОҶИК ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ДАСТИ КӮДАКДУЗД НАҶОТ ДОД
ДАР МАСКАВ ЯК ҒИЗОРАСОНИ ТОҶИК ТИФЛИ НАВЗОДРО АЗ ДАСТИ КӮДАКДУЗД НАҶОТ ДОД
Муҳаммадҷон О., ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар ширкати “Яндекс Лавки” дар Маскав ба ғайси ғизорасон (курьер по доставке продуктов) кор мекунад, як тифли навзодро аз дасти як марди кӯдакдузд наҷот дод. Ҳодиса рӯзи 24 июли соли 2024 дар гузаргоҳи Фарғона (Ферганский проезд) дар ноҳияи Вихино-Жулебино дар ҷанубуғарби пойтахти Русия рӯй дод. Дар сабти дурбини видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки як мард дар даруни боғ ба зани кӯдакдор ҳамла оварда, ӯро зада, аз пой меафтонад ва кӯдакашро аз дасташ кашида мегирад. Дар сабт ҳамчунин курери савори скутер дида мешавад, ки бо дидани ин ҳолат бошитоб аз скутераш пиёда шуда, марди кӯдакдуздро таъқиб мекунад.
Бино ба фарзияи тафтишот, кӯдакдузд бо истифода аз зӯроварӣ кӯдаки навзодаи як зани ношиносро кашида гирифта, “кӯшиш кардааст, ки фирор кунад, вале як шоҳиди ҳодиса ӯро таъқиб кардааст. Дар натиҷа гумонбаршаванда тифли навзодаро ба замин партофт, ки боиси ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардоштани кӯдак шуд”. Вале Сарраёсати тафтишоти Маскав номи ҷавони тоҷикро, ки кӯдакро аз дасти кӯдакдузд наҷот дод, зикр накарда, ӯро танҳо ҳамчун “шоҳиди ҳодиса” ном бурдааст.