расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Дар Теҳрон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Дар Теҳрон давраи дуюми машваратҳои сиёсӣ байни  ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва  Эрон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон роҳбарӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Абдуллоҳиён ба ҳузур пазируфта шуд.
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомода байни роҳбарияти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин мулоқотҳои муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломи Эрон Маҳди Сафарӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҷонибҳо ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.
Дар фарҷоми сафар муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух  Шарифзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Хусрав Нозирӣ мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, баргузории чорабиниҳои муштаракро дар доираи фаъолияти ин Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.