расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЛАТТУКӮБИ НАВРАС ДАР ҒАФУРОВ ВА БО МУРВАТТОБ ЗАХМӢ КАРДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ПОЙТАХТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЛАТТУКӮБИ НАВРАС ДАР ҒАФУРОВ ВА БО МУРВАТТОБ ЗАХМӢ КАРДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ПОЙТАХТ

ЛАТТУКӮБИ НАВРАС ДАР ҒАФУРОВ ВА БО МУРВАТТОБ ЗАХМӢ КАРДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ПОЙТАХТ
Ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 22-юми апрели соли 2024, тахминан соати 18:00, бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур дар варзишгоҳи маҳаллаашон  муноқиша намуда, якчанд маротиба бо дасту пояш ба аъзои бадани ҷабрдида зада, ба охирин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ноболиғи 17-сола ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
хххххххххххх
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми майи соли 2024, тахминан соати 09:20, ҷавони 18-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, бо асбоби мурваттоб (отвёртка) 2 маротиба ба рони пойи чапаш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.