расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АВБОШӢ ДАР ШАҲРИНАВ, ДУЗДИИ “АЙФОН” ДАР КӮЛОБ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 14 МОШИН

Асосӣ / Ҷомеа

АВБОШӢ ДАР ШАҲРИНАВ, ДУЗДИИ “АЙФОН” ДАР КӮЛОБ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 14 МОШИН

АВБОШӢ ДАР ШАҲРИНАВ, ДУЗДИИ “АЙФОН” ДАР КӮЛОБ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 14 МОШИН
Марди 59-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар назди манзили истиқоматиаш аз ҳиссиёти авбошӣ марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкурро зери лату кӯб қарор дода, ба шикамаш як корд задааст. 
ххххххххххххххх
Ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 4-уми апрели соли 2024, тахминан соати 20:00, дар дохили боғи “Модарон” елефони мобилии тамғаи “Айфон-13”-и марди 31-солаи сокини шаҳри мазкурро дуздидааст.
ххххххххххххххх
 30-юми августи соли 2023, марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ 14 мошини гуногунтамғаро, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 868 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағҳояшро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо мошинҳоро фурӯхта, маблағҳояшонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.