расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОЗМОНИ МИЛАЛ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ЯКДИЛОНА ҚАБУЛ КАРД

Асосӣ / Ҷаҳон

СОЗМОНИ МИЛАЛ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ЯКДИЛОНА ҚАБУЛ КАРД

СОЗМОНИ МИЛАЛ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ЯКДИЛОНА ҚАБУЛ КАРД
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 7 майи соли 2024 бо иттифоқи оро аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ карда, 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт,  аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони Милал пазируфта шудани нахустин ташаббуси байналмилалии Рустами Эмомалӣ “бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ ҷиҳати оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад”.
Ёдовар мешавем,  раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  ва президенти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) низ ҳаст, рӯзи 9 феврали соли 2024  ба Созмони Милал пешниҳод кард, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, бо  қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумӣ як рӯзро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.