расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”

Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ба мақомоти амнияти Русия маълум буда, ҳоло ӯ дар хориҷа қарор доштааст. Дар ин бора Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Интерфакс иттилоъ додааст.
Бортников гуфтааст, “тибқи тафтишоти анҷомшуда, тахмин карда метавонем, ки созмондиҳандаи асосӣ дар хориҷа аст”.
Аммо ӯ бо баҳонаи идомаи тафтишот, аз ошкор кардани ҳуввияти гумонбар худдорӣ кардааст.
“Тафтишот сирри махфӣ дорад ва моро лозим аст, тавре амал кунем, ки фаъолиятамон натиҷаи мушаххас диҳад”, - гуфтааст Бортников.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав 22-юми март рух дод. Чор марди мусаллаҳ вориди ин толор шуда, ба сӯйи издиҳом тир кушоданд ва биноро оташ заданд. Дар натиҷа 145 нафар ҷон бохта, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бо гумони содир кардани ин ҷиноят, аввал чор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардиданд. Баъдан боздоштҳо идома ёфт ва айни ҳол, теъдоди боздоштшудагон ба 13 нафар расидааст, ки 12 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
Дар бораи ҳуввияти боздоштшудагон ва дигар ҳаводиси вобаста ба ин ҳамлаи террористӣ аз гӯшаи “Ҳамла ба Крокус Сити Ҳол” маълумоти муфассал пайдо кунед.


Источник: https://asiaplustj.info/tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.