расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо

Асосӣ / Ҷомеа

Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо

Тайи ду рӯзи охир қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро селу обхезӣ фаро гирифта, дар баробари хисорот ба хоҷагиҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ёрирасон бар асари обхезию селҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон осеб дида, дар вилояти Суғд ҳолати марги сокини маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои КҲФ, селхезиҳо дар минтақаҳои куҳии Суғд, навоҳии Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Душанбею атрофи он ба қайд гирифта шудаст.
Ба иттилои манбаъ, шоми 5 май асари боришоти шадид ҷавонзани 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми чарондани чорво зери сел монда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зан ёфт шуда, ба мақомот супорида шуд, афзуд манбаъ.
Субҳи барқвати 5 май дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари селоб ду сокини маҳаллӣ занони 40 ва 67-сола ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоӣ бо вазъият, сардори КҲФ, Рустам Назарзода аз ҷои ҳодиса боздид кардааст. 
Сел дар деҳаҳои шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмони Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои маркази шаҳр низ фаромад, иншооту роҳҳоро хароб кардаст. Сокинон аз минтақаҳои хатарзо ба ҷои амн кӯчонда шуданд, афзуд КҲФ.

Чунин ҳолатҳои обхезию сел дар шаҳру навоҳии дигари атрофи Душанбе низ ба қайд гирифта шудаанд.
Инчунин сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб карда, ҳаракат дар ин масирро мутаваққиф намудаст.

КҲФ таъкид намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ гуруҳҳои махсус ташкил карда шуда, зарари хисорот ҳисоб карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.