расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид

 Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт иҷозат дода шуд.
 Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 5 май дар 7 қитъа (ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ) сел омада, дар натиҷа ба роҳ осеби ҷиддӣ расид.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пурра бартараф намудани пайомади ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ муваққатан маҳдуд шуда буд.
Ҳоло бартарафсозии пайомадҳои селфароӣ бо ҷалби техникаҳои пуриқтидор идома дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти аҳолӣ мерасонад, ки дар мамлакат бар асари бориши шадид хатари фаромадани сел, ярч, тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.