расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷамъбасти Dushanbe Grand Slam - 2024: Паҳлавонҳои тоҷик чанд медал гирифтанд?

Асосӣ / Варзиш

Ҷамъбасти Dushanbe Grand Slam - 2024: Паҳлавонҳои тоҷик чанд медал гирифтанд?

Аз миёни даҳҳо намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 дар риштаи ҷудо, ки се рӯз идома дошт, 7 нафар нишон ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Рӯзи охири мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam-2024 дар риштаи ҷудо барои намояндагони Тоҷикистон се медал овард. Дар умум тайи се рӯз ҷудокорони тоҷик 7 нишон ба даст оварданд.
Дар рӯзи охир Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило медали биринҷии мусобиқаро гирифтанд.
Ҳарифи Раҳимов дар финал Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст оварда буд.
Ягона медали тилои мусобиқа дар рӯзи аввал ба даст оварда шуд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло, Обид Ҷебов дар вазни -66 кг медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг медали биринҷӣ гирифта буданд.
Ғолибон дар баробари холҳои олимпӣ инчунин 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.