расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА ШАҲРВАНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ МАШВАРАТ ДОДАНД, КИ БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

БА ШАҲРВАНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ МАШВАРАТ ДОДАНД, КИ БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД

БА ШАҲРВАНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ МАШВАРАТ ДОДАНД, КИ БА РУСИЯ САФАР НАКУНАНД
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ машварат додааст, ки муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурати ҷиддӣ ба Русия худдорӣ кунанд.
Вазорат дар посух ба гузоришҳои расонаҳо дар мавриди ба Русия роҳ надодани шаҳрвандони қирғиз гуфт, “то 2 майи соли 2024 хабаре дар бораи ба таври оммавӣ ба қаламрави Русия роҳ надодани шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорат ва консулшариҳои Қирғизистон дар Русия нарасидааст, вале вазорат  вазъ дар Русия ва таъсири он ба вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистонро пайгирӣ мекунад”.
Дар айни замон, гуфта мешавад дар хабар, “вазорат бори дигар ба шаҳрвандоне, ки барои сафар ба Русия зарурати ҷиддӣ надоранд, машварат медиҳад, ки то аз байн бардоштани чораҳои иловагии амниятӣ ва режими назорати шадид дар марзҳо аз сафар ба қаламрави ин кишвар худдорӣ кунанд ва дар сурати зарурати сафар дҳам бояд аз қабл вуҷуди маҳдудиятҳо дар роҳи сафарашон ба Русияро тафтиш кунанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.