расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд

Асосӣ / Варзиш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд

 Тоҷикистон маротибаи аввал мизбони мусобиқаи байналмилалӣ- Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо мешавад. 
Мусобиқаи байналмилалӣ — Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо аз 3 то 5 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо 415 варзишгар аз 71 давлати ҷаҳон ва 5 қитъаи олам барои иштирок номнавис шудаанд. Инҳо 220 мард ва 195 зан мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн барои имтиёзҳои олимпӣ рақобат менамоянд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд.
Мардон: 
Вазни -60 кг: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода, Ҳақдод Гулов.
Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон.
Вазни -73 кг: Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов.
Вазни -81 кг: Сунатулло Лоиқов, Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев, Раҳматуллобек Фарҳодов.
Вазни -90 кг: Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев, Акмал Муродов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода.
Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов.
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Раҳмон Мансур, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Шарифҷон Назриев.
Духтарон: 
Вазни -48 кг: Райҳона Розиқзода.
Вазни -52 кг: Аҳлия Мӯъминова, Насиба Карликова, Мадина Қурбонзода.
Вазни -57 кг: Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова.
Вазни -63 кг: Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова.
Вазни -70 кг: Мавлуда Одинаева.
Хотиррасон менамоем, ки «Шоҳи ҷаҳонии ҷудо»- Тедди Ринер дар байни сангинвазнҳо ба  шаҳри Душанбе меояд ва  дастаи мунтахаби Фаронсаро муаррифӣ мекунад. Варзишгари шинохтаи ҷопон ва ҷаҳон оид ба гӯштини   ҷудо  Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи  байналмилалӣ- Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.