расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ – 17-УМИН ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ КИСТ?

Асосӣ / Муҳоҷир

ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ – 17-УМИН ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ КИСТ?

ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ – 17-УМИН ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ КИСТ? 
Мақомоти тафтишот ва додгоҳ дар бораи шахсияти Ҷумъахон Қурбонов ва айбномаи зидди ӯ тафсилоти дигар надодаанд, вале расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки гӯё ӯ барои омилони ҳамлаи “Крокус” телефонҳои мобил дода, пули хидматрасонии ширкатҳои мобилро низ пардохт мекардааст.
Ба расонаҳо ҳамчунин маълум шуда, ки Ҷумъахон Қурбонов соли 2003 дар ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада, дар  як ҳостел дар  ҳудуди ноҳияи Хорошево дар шимоли Маскав ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб Қурбонов зиндагӣ мекардааст. Як корманди ин ҳостел ба  РИА Новости гуфт, ки  ҳамроҳи Ҷумъахон Қурбонов бародари ӯро ҳам дастгир карда буданд, вале дар бораи сарнавишти ӯ дигар чизе ба онҳо маълум нест. Сӯҳроб Қурбонов дигар ба он ҳостел барнагаштааст.
Дар додгоҳи ноҳияи Хорошево ба РИА Новости гуфтаанд, ки Сӯҳроб Бегиҷонович Қурбонов қаблан бо ҷурми майдаавбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд. Дар қарори додгоҳ  баёноти Сӯҳроб Қурбонов низ оварда шудааст, ки гуфтааст, дар макони ҷамъиятӣ бо бародараш бо истифода аз алфози қабеҳ туюман кардааст ва сипас аз иҷрои амри кормандони пулис низ саркашӣ карда, бо онҳо ҳам қадбақад шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё тафтишот Сӯҳроб Қурбоновро низ мисли бародараш ба даст доштан дар ҳамлаи хунини “Крокус” айбдор мешуморад ё на? Дар бораи боздошт шудани ӯ дар чорчӯби парвандаи ин ҳамлаи пурсарусадои террористӣ ягон хабар то ҳол ба даст нарасидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.