расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КЕЛИНУ ХУШДОМАНЕ, КИ ВИДЕОИ ҶАНҶОЛАШОН БА ИНТЕРНЕТ РОҲ ЁФТ, ОШТӢ ШУДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

КЕЛИНУ ХУШДОМАНЕ, КИ ВИДЕОИ ҶАНҶОЛАШОН БА ИНТЕРНЕТ РОҲ ЁФТ, ОШТӢ ШУДААНД

КЕЛИНУ ХУШДОМАНЕ, КИ ВИДЕОИ ҶАНҶОЛАШОН БА ИНТЕРНЕТ РОҲ ЁФТ, ОШТӢ ШУДААНД 
Келину хушдомане, ки видеои ҷанҷолу занозаниашон ахиран ба Интернет роҳ ёфт ва чанд рӯз боз як мавзӯи вирди забони мардум шудааст, рӯзи 22 ноябри соли 2023 дар як видеои наву муштарак гуфтанд, ки он ҷанҷоли онҳо кӯҳна буд ва ҳоло ҳарду оштӣ шудаанд ва дар канори ҳам дар сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд. Келини хонавода гуфт, ки он видеоро дар сари қаҳр ҳангоми ҷанҷолашон як ило якуним сол пеш сабт карда буд ва онро ҳам танҳо барои оилаи худашон ва мақсади дар Интернет ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн карданашро надошт.Ӯ гуфт, ки ҳоло бо хушдоманаш ягон мушкил надорад  ва намедонад, ки кӣ ва бо кадом мақсад он видеоро аз телефони ӯ дуздида, дар Интернет паҳн кардааст? Ин зан аз ҳама хост, ки он видеоро пок кунанд ва хонаву дари ободашро вайрон накунанд.
Хушдомани ӯ дар ин видео нақл кард, ки дар ҳақиқат вақте ки келинаш ба ӯ ҳарфҳои сахт зад, бо ӯ ҷанҷол карда буд. Вале, гуфт хушдоман, “баъди он ҷанҷолҳо келинам одами хуб шуд ва ҳоло мо  ҳарду мисли дугонаем”. Ин зан ҳамчунин гуфт, ки 5 келин дорад ва ҳарфҳои тунде, ки нисбаташ дар зери видеоҳои нашршуда задаанд, хеле сахташ расидаанд. “Шумо мехоҳед, ки ҳамин хонаи ободи келини ману шавҳару фарзандонаш вайрон шавад?”- гуфт хушдоман.
Дар видеое, ки нашр шуд,  дида мешуд, ки келине, ки рӯи худаш наменамояд, хушдоманашро бо телефон ба навор гирифта истода, ӯро гунаҳкор мекунад, ки бо чӯб латтукӯбаш кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.