МАКТАБИ №8-РО ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ БА НОМИ БОЗОРИ СОБИР МЕГУЗОРАНД
МАКТАБИ №8-РО ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ БА НОМИ БОЗОРИ СОБИР МЕГУЗОРАНД
Рӯзи 20 ноябри соли 2023, агар умр вафояш мекард, Бозор Собир, яке аз маъруфтарин шоирони тоҷики нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21 ба синни 85 мерасид. Дар ин рӯз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзо як қарор аз Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт оид ба номгузорӣ тақозо карда, ки ба маҷлиси вакилони пойтахт “дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир таклиф пешниҳод намояд”.
Шаҳрдории Душанбе рӯзи 20 ноябр ба шарафи зодрӯзи Бозор Собир маҳфили поси хотири ӯро таҳти унвони “Шоиру шеъре агар ҳаст...” доир кардааст.
Шогуна Собир, духтари Бозор Собир барои чунин қадрдонӣ ба мақомоти пойтахт аз номи фарзандони шоир ва модарашон Гулчеҳра Собир изҳори сипос кардааст.