расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ДУШАНБЕ ЯК НОБОЛИҒ БО МОШИНИ ПАДАРАШ БА МАКТАБ ОМАДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НОБОЛИҒ БО МОШИНИ ПАДАРАШ БА МАКТАБ ОМАДААСТ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НОБОЛИҒ БО МОШИНИ ПАДАРАШ БА МАКТАБ ОМАДААСТ
Санаи 17-уми ноябри соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота» инъикос ёфта буд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе алакай баъди чанд соати нашри видео хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт,  муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 40 00 UC 01 буда, таҳти идораи ноболиғ Зайниддини Ҷ. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштааст.  “Номбурда санаи 17-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе пурсиш воситаи нақлиёти падарашро гирифта, дар назди муассисаи таълимии Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бо суръати баланд идора намуда, ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст”, - гуфт милитсияи Душанбе.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба волидайни Зайниддини Ҷ. барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат, бо волидайни ин наврас корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.