расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАР САРИ БОЗ 14 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ДУ КИШВАР

Асосӣ / Сиёсат

ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАР САРИ БОЗ 14 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ДУ КИШВАР

ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАР САРИ БОЗ 14 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ДУ КИШВАР
Ба Тоҷикистону Қирғизистон муяссар шудааст, ки бар сари боз 14 километри марзи муштараки ин ду кишвар, ки дар солҳои охир ба марзи аз ҳама ноором дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст, ба тавофуқ даст биёбанд.
Девони вазирони Қирғизистон  хабар дод, ки аз 12 то 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои харитасоз ё топографии ҳайъатҳои давлатии ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳо доир шуд.
 “Гуруҳҳои топографӣ  13 километри 980 метри марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро мушаххас карданд.  Тарафҳо корро барои таъйини қитъаҳои боқимондаи марз дар мулоқоти оянда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мешавад, идома хоҳанд дод. Пиромуни натиҷаҳои мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид”, - гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Маълум нест, ки ин наздики 14 километри  марз, ки дар нишасти Бӯстон мувофиқатшуда марбут ба кадом қитъаҳо аз беш аз 300 километр қитъаҳои баҳсии боқимонда дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст? Дар иттилоияи кӯтоҳ танҳо таъкид шудааст, ки “мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд”.
Аз аввали моҳи октябр Тоҷикистону Қирғизистон инак бори дуюм аз пешравӣ дар музокироти марзӣ хабар медиҳанд. Рӯзи 8 октябр дар пайи музокироте, ки аз 3 то 8 октябр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, тарафҳо хабар доданд, ки боз 43 километру 320 метри марзи умумии байни ин ду кишварро мушаххас кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Robertdomia | Гости

    Приветствуем на PrivetMir.net - Ваш Личный Гид в Мире Привилегий и Отзывов! Мы делаем путешествия и покупки простыми и увлекательными. Присоединяйтесь и делитесь своими открытиями. https://privetmir.com/

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.