расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУСОДИРАИ 285 ШИША АТР АЗ БАҒОЧИ ДУ МУСОФИР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ПЕТЕРБУРГ (2 АКС)

Асосӣ / Иқтисодиёт / Муҳоҷир

МУСОДИРАИ 285 ШИША АТР АЗ БАҒОЧИ ДУ МУСОФИР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ПЕТЕРБУРГ (2 АКС)

МУСОДИРАИ 285 ШИША АТР АЗ БАҒОЧИ ДУ МУСОФИР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ПЕТЕРБУРГ (2 АКС)
Хадамоти матбуоти идораи боҷхонаи ҳавзаи Шимолу Ғарбии Русия рӯзи 8 октябри соли 2023 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи Пулково дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург аз бағочи ду мусофир аз Тоҷикистон, ки ба Петербург барои кор дар сохтмон омадаанд, 285 шиша атриёти гуногун пайдо кардаанд. Вазни умумии атриёти ёфтшуда аз 35 кило ҳам зиёд будааст.
Тафтиш ва кофтукоби бағочи ин ду мусофир нишон додааст, ки дар борхалтаи якеи онҳо 146 шиша ё флакон ва дар бағочи дуюмӣ 139 шиша атр будааст.
Ин ду мусофир дар баёноташон ба кормандони боҷхона гуфтаанд, ки ба Петербург барои кор дар сохтмон омадаанд ва дар бораи тиҷорати атриёт чизеро сарфаҳм намераванд ва ҳатто намедонанд, ки ин атриёти овардаи онҳо чӣ қадар арзиш дорад? Онҳо гуфтаанд, ки қонунро нодониста вайрон кардаанд ва ин маҳсулотро як шиносашон хоҳиш карда буд, ки бо худ ба Русия баранд.
Ба онҳо барои дар боҷхона эълом накардани маҳсулоти бо худ овардаашон ҷарима ба маблағи то ду баробари арзиши маҳсулоти аз онҳо ёфтшуда бо мусодираи ин маҳсулот ё бе мусодираи он таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Monaree | Гости

    กดรับเองpg slot เครดิตฟรีเข้ามาสมัครเพื่อรับสิทธิพิเศษจากเราแจกจริงทุกวันแจกให้ทุกท่านแน่นอนเครดิตฟรีไม่
    ต้องฝากสามารถใช้เล่นสล็อตฟรีเพียงทำตามเงื่อนไขที่เราได้กำหนดไว้เท่านั้นเองที่หน
    ้าเว็บของเรามีระบบที่รวดเร็วทันสมัยทั้งหมด


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.