расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ МОЛДОВА ДАР ПАЙИ ДУ АФСАРРО КУШТАНИ РУСТАМ АШӮРОВ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҷаҳон

ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ МОЛДОВА ДАР ПАЙИ ДУ АФСАРРО КУШТАНИ РУСТАМ АШӮРОВ

ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ МОЛДОВА ДАР ПАЙИ ДУ АФСАРРО КУШТАНИ РУСТАМ АШӮРОВ
Вазири корҳои дохилии Молдова Анна Ревенко рӯзи 14 июли соли 2023 истеъфо дод. Истеъфои ӯ дар пайи тирпарронии шоми 30 июн дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров баъди роҳ дода нашуданаш ба ин кишвар силоҳи афсари марзбони Молдова Сергей Мунтянуро аз дасташ кашида гирифт ва ӯву ходими амнияти фурудгоҳ подполковники мустаъфӣ Игор Чофуро кушт. Анна Ревенко аз соли 2021 роҳбарии ВКД Молдоваро бар уҳда дошт. Ӯ ҳанӯз истеъфои худро шарҳ надодааст. Сарвазири Молдова Дорин Речан қаблан гуфта буд, ки рӯзи 14 июл дар ҷаласаи ҳукумат мавзӯи тирпарронӣ дар фурудгоҳ баррасӣ шуда, бар асоси натиҷаҳои ин нишаст "тасмимҳои мураккаб, вале лозим, аз ҷумла тасмимҳои кадрӣ гирифта хоҳанд шуд”.
Оппозитсияи Молдова қабл ҳукумати кунунии ин кишварро ба наандешидани чораҳои лозим барои таъмини амният дар фурудгоҳ айбдор карда буд. Вале сарвазирРечан ахиран бори дигар ба амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳ баҳои баланд дод ва гуфт, пулиси марзбонӣ ба таври ҳирфаӣ рафтор карда, тирандоз Рустам Ашӯровро муҳосира кард ва имкон надод, ки касеро гаравгон бигирад.
Ҷасади Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро, ки шоми 30 июн ду афсари Молдоваро дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти ин кишвар кушт ва худ шоми 3 июл бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон дод, рӯзи 9 июл аз Молдова ба Тоҷикистон оварда шуд. Мақомоти Молдова ҷасади ӯро ба як хешовандаш, ки махсус барои овардани ҷасади ӯ ба Молдова рафта буд, додаанд.
Рустам Ашӯров дар Тоҷикистон ба даст доштан дар яке аз пурсарусадотарин ҷиноятҳои солҳои охир: рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.