расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раҳмон имзо кард: Айби ширкати ҳавоӣ бошад, пули мусофир пурра гардонда шавад

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Раҳмон имзо кард: Айби ширкати ҳавоӣ бошад, пули мусофир пурра гардонда шавад

Дар сурати даст кашидани мусофир аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, маблағ пурра баргардонида мешавад

Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ҷадид ба Кодекси фазои ҳавоии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтанд, ки ширкатҳои ҳавоиро аз ҳуқуқу уҳдадориҳои иловагӣ бархӯрдор мекунанд.
Тағйиру иловаҳои мазкур ба Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон охири соли 2022 аз сӯи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, баъди нашри расмӣ аз соли равон мавриди амал қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла ба моддаи 101-и Кодекси фазои ҳавоӣ қисмҳои сеюм ва чорум илова гардиданд.
Тибқи он ҳамлу нақлдиҳанда уҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад.
Таъкид шудааст, ки дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақл, бо сабаби ба таъхир афтодани парвоз, инчунин, дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда, ба мусофир маблағи ҳамлу нақл, аз ҷумла пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад, омадаст дар муқаррарот.
Инчунин ширкатҳои ҳамлу нақл ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз ҳисоби худ барои гуруҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон имтиёз таъйин намоянд.
Ин дар ҳолест, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз сабукиҳое ҳимоят кард, ки ҳадафашон беҳбуди хизматрасониҳо, зиёд намудани парвозу поин бурдани нархи чипта арзёбӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳои барои бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • ceo | Гости

    На данном сайте находится огромное множество музыки в каждой группе, поэтому всегда возможно создать плейлист на личный вкус и довольствоваться высококачественным звучанием. Поэтому, если вы хотите скачать музыку бесплатно - то тут Вы сможете отыскать именно то, что требуется!

    uzbek mp3 2023
    Holmurod Saidov - Singlim
    Janob Rasul - Geçmiş olsun Türküm
    Seero7 - Odamlar Yovuz
    Jasmin - Sevib to'ymayman

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.