расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид

Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид

 Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат дар музофоти Гуандун дар ҷануби Чин 36 нафар ба  ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» хабар додааст.
Қаблан дар бораи 24 ҳалокшуда ва 30 захмӣ хабар расида буд.
Ин ҳодиса шоми чоршанбе дар шаҳри Мэйчжоу рух дод, ки зимни он 18 мошин аз роҳ ба чоҳи азим афтоданд.   Дар наворҳое, ки расонаҳои Чин нашр намудаанд, дида мешавад, ки баъзе мошинҳо ҳангоми афтидан оташ гирифтаанд. Дарозии қитъаи фурӯравии роҳ тақрибан 18 метр ва майдони он тақрибан 184 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор намуданд, ки сабаби фурӯ рафтани шоҳроҳ эҳтимол боронҳои шадиде бошанд, ки аз ҳафтаи гузашта вилояти Гуандунро фаро гирифтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.