расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид

Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид

 Дар як моҳи охир дар Кения 169 нафар бинобар пайомадҳои бориши шадид ва обхезӣ ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Reuters бо истинод ба вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
Танҳо дар Маимахиу бар асари ярч 46 нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи шоҳидон, селоба манзилҳо ва роҳи оҳанро вайрон намуд. 53 нафари дигар дар шаҳр расман бедарак шудаанд. Ҷамъияти Салиби Сурх дар бораи 76 сокине, ки тақдирашон номаълум аст, хабар додааст.
Дар маҷмуъ, 185 ҳазор кениягиҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва ба ҷойҳои амн паноҳ баранд.
Бояд гуфт, ки боронҳои сахте, ки аз моҳи март инҷониб меборанд, ба дигар кишварҳои Африқои Шарқӣ низ таъсир расонидаанд. Масалан, дар Танзанияи ҳамсояи Кения дар натиҷаи обхезиҳо ва селҳо 155 нафар ба ҳалокат расид. Дар Уганда ва Бурунди низ ҳалокшудагон ва харобиҳои назаррас мавҷуданд. Обуҳавошиносони африқоӣ бар ин назар ҳастанд, ки сабаби боронҳои ғайриодии имрӯза дар шарқи қитъа зуҳуроти иқлимии Ал — Нино мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.